Раҳмонова Дилафрӯз,
омӯзгори мактаби таълими миёнаи
умумии рақами 41-уми ноҳияи
Самарқанд
ҚОИДАИ РОҲ
Дар раҳу пайроҳаҳо
Аз тарафи рост рав.
Зираку ҳушёр бош,
Бесабаб асло мадав.
Ҳеҷ зи хотир мабар.
Қоидаи роҳро.
Аз раҳи мошин марав.
Монда гузаргоҳро.
Ҳар чи туро сечароғ
Амр диҳад, он шунав.
Сурх шавад боз ист,
Сабз шавад, зуд рав.
Вақти гузаштан зи роҳ,
Сӯйи чап аввал нигар,
Пас бингар сӯйи рост
Роҳ шавад нифс агар.
Қоидаи роҳро
Гаштаву баргашта хон.
Бар укаи хурди худ,
Хоҳари аз вай калон.
Мо ҳар рӯз ба автобус, троллейбус, мошини сабукрав савор мешавем. Онҳо моро ба манзил зудтар мерасонанд. Мо ҳар замон аз як тараф ба тарафи дигари кӯча мегузарем. Дар як ҷой чароғаки роҳнамо ҳаст, ҷойи дигар – нест. Вале роҳҳо ҳамеша пурмошинанд.
Аз ин сабаб эҳтиёт дар роҳ шарт ва зарур аст.
Нахуст қоидаҳои одии ҳаракат дар роҳҳоро бояд риоя кунем!
– роҳро ҳамеша аз ҷое гузаред, ки чароғаки роҳнамо ё аломати гузаргоҳ дорад;
Аломатҳои роҳ, барои чӣ лозиманд?
– ҳангоми гузаштан аввал ба чап, баъд ба рост бинигаред;
– дар кӯча бозӣ накунед;
– дар истгоҳ аз қафои автобусу троллейбус гузаред;
– танҳо аз роҳрав ва тарафе, ки нақлиёт аз рӯ ба рӯ меояд, қадам занед;
– аз роҳи мошинрав ҳамроҳи калонсолон бигузаред;
– ҳангоми аз роҳ гузаштан, ба хурдсолон ва калонсолон ёрӣ бирасонед.
Дар ин ҷой кадом аломати роҳ тасвир карда шудаст, ва барои чӣ?
Дар куҷо велосипедсаворӣ кардан мумкин ва дар куҷо мумкин нест?
Ронандагон барои пешгирӣ аз фалокати роҳу нақлиёт бояд ба кадом қоидавайронкуниҳо роҳ надиҳанд?
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
БАРОИ ЭЪТИБОРАТОН
ТАШАККУР!