ПУРСИШНОМА ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ МУШКИЛОТИ САМТИ СОҲИБКОРИЮ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ин пурсишнома аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон барои гузаронидани пурсиши намояндагони бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд барои таҳлили Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия шудааст.
Мақсадҳои гузаронидани пурсиш:
муайян намудани мушкилотҳои соҳибкорон;
таъсири Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар рушди соҳибкорӣ ва беҳбудии фазои сохибкорию сармоягузорӣ;
камбудиҳои ҷойдошта дар татбиќи Барнома;
ҷамъоварии пешниҳодҳои мушаххаси соҳибкорону коршиносон ҷиҳати беҳсозии фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар доираи таҳияи лоиҳаи Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030.
Хоҳишмандем ба корманди мо дар пур кардани саволномаи мазкур ба таври саҳеҳ мусоидат намоед.
Барои ширкат дар пурсиш масъулин бар ҳар як иштирокчӣ изҳори миннатдорӣ менамоем.